Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон Амирсаъиди Еревонӣ-сафиру намояндаи доими ҷадиди Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид дар Нию-Йорк пеш аз ин дабири Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷӣ ва муовини сиёсати хориҷӣ ва амнияти байналмилалии дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллӣ ва низ кордори Эрон дар Ироқ буд .
Тахтиравончӣ дар маросими худоҳофизӣ бо дипломатҳои эронӣ дар маҳали намояндагии Эрон дар СММ ҷонишини худ Амирсаъиди Еревониро дипломати тавонманд ва бисёр хушахлоқ тавсиф кард .
Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрони пештар дар дидор бо бархе аз сафирони ҷадиди Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумла Амирсаъиди Еревонӣ сафиронро намояндагони низоми исломӣ муаррифӣ кард ки бояд манофеу арзишҳои Ҷумҳурии исломии Эронро намояндагӣ ва таъмин кунанд.